Вусъати ободкорӣ дар доираи соли роҳҳои обод
Хуҷанд, 19.06.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуахад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд дар доираи «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» таъмиру мумфаршкунии роҳҳо низ идома дорад. Раванди ин кор хусусан дар шаҳри Хуҷанд торафт вусъат мегирад. Имрӯзҳо корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо»-и маркази вилоят, ки дарозиаш як километр буда, ду маҳаллаҳои шаҳр — 31-ум ва 32-юмро мепайвандад, босуръат идома дорад. Алъон дар шаҳри Хуҷанд дар як вақт дар 8 кӯчаю маҳалла корҳои таъмиру асфалтхобонӣ ҷараён доранд.
Соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тасмим гирифтааст, ки 116 километр роҳи асосӣ ва дохилии шаҳрро аз таъмиру мумфаршкунии куллӣ барорад.
То охири даҳаи аввали моҳи июн дар миқёси шаҳри Хуҷанд аз тарафи Корхонаи давлатии истифодаи роҳҳои шаҳр ба масоҳати 5884м2 роҳҳои кӯчаҳои шаҳр аз таъмир ва мумфаршкунии куллӣ бароварда шуда, ба миқдори 708,3 тонна асфалт хобонида шуд. Дар натиҷа анқариб 15 кӯчаи шаҳр аз таъмири ҷорӣ ва мумфаршкунии куллӣ бароварда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






