Ярмаркаи «Фримаркет» дар Душанбе

Июнь 5, 2014 15:05

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). —  Имрӯз,  5  июн, мардуми  саросари  ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити  зистро таҷлил  менамояд.
Созмони  ҷамъиятии экологии «Замини кучак» — и ҷавонон 7 июн бори  нахуст  бахшида ба  ин  сана дар  Тоҷикистон ярмаркаи «Фримаркет» — ро  доир  менамояд.
Дар  ин  бора  аз  Созмони ҷамъиятии  экологии «Замини  кучак» ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Назар  ба  иттилои  манбаъ, дар  ин  ярмарка ҳар  хоҳишманд метавонад, ки  чизу  чора,  либос ва  асбобҳои нодаркорашро барои  истифодаи такрорӣ ба нафарони  дигар  ба  таври  маҷҷонӣ  супорад ё  иваз  кунад. 
Дар  «Фримаркет» дастаи  мусиқии  Бахтиёр  Назирбоев ҳунарнамоӣ  карда, сартарош  Баҳром  Комилов  ба ҳозирон хидмати  маҷҷонӣ  мерасонад. Дар  ярмарка  ҳамчунин  коғазкӯҳнаҳои  аҳолӣ  ҷамъ  карда  мешаванд. 
Тавре  ки  ташкилкунандагони  ярмарка   хабар  доданд, мақсади  асосии он  иборат  аз  ҷалби  таваҷҷӯҳи  мардум  ба  истифодаи  самарабахшу  сарфакоронаи   захираҳо  ва  кӯмак ба  якдигар  аст. 
Хотирнишон  месозем, ки  ин ташаббус  солиёни  зиёде  дар  ИМА ва  кишварҳои  Аврупо   арзи  вуҷуд  дорад. Really Free Market («Бозори ҳақиқии  озод») ҷунбиши  иҷтимоию экологиест, ки соли  2004 дар  ИМА  ба  миён  омада  ва  дар  саросари сайёра  паҳн  гардид. Ярмаркаи  мазкур иқдомест, ки дар  ҷараёни он  иштирокдоронаш  чизу  чора  ва  асбобҳои  нодаркориашонро  ба  якдигар тақдим  намуда,  ба  таври маҷҷонӣ   хидмат  мерасонанд.

Июнь 5, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад