Ярмаркаи «Фримаркет» дар Душанбе
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Имрӯз, 5 июн, мардуми саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зистро таҷлил менамояд.
Созмони ҷамъиятии экологии «Замини кучак» — и ҷавонон 7 июн бори нахуст бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон ярмаркаи «Фримаркет» — ро доир менамояд.
Дар ин бора аз Созмони ҷамъиятии экологии «Замини кучак» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Назар ба иттилои манбаъ, дар ин ярмарка ҳар хоҳишманд метавонад, ки чизу чора, либос ва асбобҳои нодаркорашро барои истифодаи такрорӣ ба нафарони дигар ба таври маҷҷонӣ супорад ё иваз кунад.
Дар «Фримаркет» дастаи мусиқии Бахтиёр Назирбоев ҳунарнамоӣ карда, сартарош Баҳром Комилов ба ҳозирон хидмати маҷҷонӣ мерасонад. Дар ярмарка ҳамчунин коғазкӯҳнаҳои аҳолӣ ҷамъ карда мешаванд.
Тавре ки ташкилкунандагони ярмарка хабар доданд, мақсади асосии он иборат аз ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба истифодаи самарабахшу сарфакоронаи захираҳо ва кӯмак ба якдигар аст.
Хотирнишон месозем, ки ин ташаббус солиёни зиёде дар ИМА ва кишварҳои Аврупо арзи вуҷуд дорад. Really Free Market («Бозори ҳақиқии озод») ҷунбиши иҷтимоию экологиест, ки соли 2004 дар ИМА ба миён омада ва дар саросари сайёра паҳн гардид. Ярмаркаи мазкур иқдомест, ки дар ҷараёни он иштирокдоронаш чизу чора ва асбобҳои нодаркориашонро ба якдигар тақдим намуда, ба таври маҷҷонӣ хидмат мерасонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






