Ярмаркаи «ИнтерЛегПром — 2014» дар Душанбе
Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Иттифоқи косибони Тоҷикистон бори аввал дар Ярмаркаи байналмилалии «ИнтерЛегПром — 2014» иштирок менамояд. Маросими ифтитоҳи ярмарка имрӯз, 4 июн, дар «Кохи Борбад» — и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин бора котиби матбуоти Иттифоқи косибони Тоҷикистон Аниса Собирӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мувофиқи суханони манбаъ, дар ярмарка баробари маҳсулоти корхонаҳои саноати сабуки кишвар, маҳсули косибон низ ба маърази намоиш гузошта шудааст.
Гӯшаи Иттифоқи косибони Тоҷикистон дар ошёнаи якуми намоишгоҳ қарор дошта, дар он маҳсулоти гуногуни косибон, сӯзанӣ ва намудҳои анъанавии гулдузӣ, кошинкории усто Сӯҳроб Саидов, маснуоти заргарӣ ва ғайра намоиш дода мешавад.
Хотирнишон месозем, ки Намоишгоҳ — ярмаркаи 8 — уми байналмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром — 2014» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Вазорати энергетика ва саноати кишвар аз 4 то 7 июн дар «Кохи Борбад» — и шаҳри Душанбе давом мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






