Ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ВКД
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмарка ва фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ гузаронида шуд.
Дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба харидорон пешкаш гардид.
Меваю сабзавоти тоза ва маҳсулоти полезӣ, аз қабили тарбузу харбуза бо нархи хеле арзон ба харидорон пешкаш карда шуд.
Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ярмаркаи мазкур дар муқоиса бо нархи бозор аз 30 то 50 фоиз арзон буд. Ба гунаи мисол нархи як килограмм гӯшт 25-28 сомонӣ, як дона гӯшти мурғ 10 сомонӣ, картошка 1,5 сомонӣ, пиёз 1 сомонӣ, помидор 2 сомонӣ, 1 дона тухм 50 дирамро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






