Ёде аз собиқадори соҳаи маориф

Июнь 5, 2014 14:38

 
Кӯлоб, 5.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ба хотири гиромидошти собиқадори соҳаи маориф Фазл Набӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ маҳфили маърифатӣ ороста шуд, ки дар он намояндагони ҳукумати ноҳия,  кормандони соҳаи маориф, шогирдон ва фарзандони марҳум иштирок намуданд.  
Фазл Набӣ аз солҳои 30-юми асри гузашта фаъолияти омӯзгории хешро дар мавзеи Дашти Ҷуми собиқ ноҳияи Маскав, дар айни замон Ҳамадонӣ оғоз намуда, баҳри маҳви камсаводӣ хизматҳои арзанда кардааст. 
Фазл Набӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми кишвар ба ноҳияи Ҳамадонӣ ба кор омада, аввалин маорифчиест, ки унвони «Аълочии маориф»-ро сазовор гашта, дар давоми фаъолияти хеш ҳазорон нафар шогирдонро таълим дода, ба камол расонидааст. 
Дар ҳамоиши маърифатӣ мактаббачагон аз «Фазилатнома»-и Фазл Набӣ порчаҳо қироат намуданд.

 

Июнь 5, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд