Зиндагӣ бе маводи нашъаовар ҳам ширин аст
Душанбе, 25.06.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо масъули бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар мавзӯи “Зиндагӣ бе маводи нашъаовар ҳам ширин аст” семинари илмӣ-амалӣ гузарониданд, ки он ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он бахшида шуд. Дар семинар имом-хатиби масҷиди маҳаллӣ иштирок кард. Дар назди ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ кормандони агентӣ оид ба оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли маводи нашъадор, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сухан гуфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






