Зуҳуров бо унвони «профессори фахрӣ» қадр гардид

Июнь 19, 2014 15:54

Душанбе, 19.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо унвони  «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии заминсозии шаҳри Маскав» ва медали ҷашнии «Таърихи Донишгоҳи давлатии заминсозӣ» қадрдонӣ шуд. Ин ҷоизаҳоро дар маросими ботантана ба раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ректори донишгоҳи мазкур Сергей Волков супорид. 
    Бояд тазаккур дод, ки Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари расмӣ ба Русия аз донишгоҳи мазкур боздид намуда, бо ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии илмии Русия мулоқот анҷом дод. Ш. Зуҳуров доир ба вазъи кунунии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва дастовардҳои  кишварамон дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои мухталиф   гузориш дод. 
Мавриди зикр аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дастпарвари Донишгоҳи давлатии заминсозии Маскав буда, онро 38 сол муқаддам, соли 1976 бо ихтисоси «муҳандис -заминсоз» хатм намудааст. Ш. Зуҳуров дар ҳоле аз ин донишгоҳ боздид намуд, ки аз таъсиси ин муассисаи илмӣ 235 сол сипарӣ гардид.

Июнь 19, 2014 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд