Ғалабаи Ҷаҳон Қурбонов дар «China open»
Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 11 то 21-уми июли соли равон дар шаҳри Гуйяни Ҷумҳурии мардумии Чин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид.Дар ин мусобиқа 2 нафар варзишгар аз вилояти Суғд — Ҷаҳон Қурбонов ва Наврӯз Ҷафоев таҳти роҳбарии Мураббии Шоистаи ҶТ, Баҳром Усмонов ширкат варзиданд.Тавре ки Баҳром Усмонов аз Ҷумҳурии мардумии Чин хабар дод, Ҷаҳон Қурбонов ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷои дуввум гардид.Хотиррасон мекунем, ки дар ин мусобиқа варзишгарони 17 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Малайзия ва ғайра ширкат варзиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






