Ғолибияти Аргентина бар дастаи ҳолланд
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) -Бозии дуввуми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 байни дастаҳои Аргентина ва Ҳолланд шаби панҷшанбе, 10-уми июл, дар варзишгоҳи шаҳри Сан-Паулу баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки нимаи авали бозӣ бо каме бартарии футболбозони Аргентина гузашт, вале вазъиятҳои хавфнок ба вуҷуд оварда нашуд ва ҳисоб боз нагашт. Дар 45 дақиқаи нимаи дувуми дидор ҳолландиҳо аз рақибонашон паст наомаданд, ва ҳатто дар охири замони асосии бозӣ имкони хуби голзанӣ доштанд. Замони изофӣ низ ғолибро муайян накард ва ҳисоб 0-0 монд. Хотирасон менамоем, ки тақдири бозӣ аз рӯи задани силсилаи зарбаҳои 11-метра, яъне пеналтӣ ҳал шуд.Дастаи футболи Аргентина дастаи Ҳолландро бо ҳисоби 4-2 шикас дод,ва ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил роҳ ёфт.Ногуфта намонд, ки Футболбозони дастаи Аргентина рӯзи якшанбе дар бозии ниҳоӣ бо мунтахаби Олмон рақобат мекунанд. Рӯзи шанбе бошад дастаи Ҳолланд барои ҷойи севум бо дастаи Бразил мубориза мебарад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






