Ғолибияти Олмон бар дастаи Аргентина дар Ҷоми ҷаҳон

Июль 14, 2014 10:38

Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 шоми 13 июл дар варзишгоҳи пуршӯҳрати «Маракана» дар Рио -де -Жанейро байни Олмону Аргентина ба фоидаи дастаи Олмон анҷом ёфт. Дар ду қисми асосӣ ва қисми якуми иловагии бозӣ ҳисоб кушода нашуд. Қисми дуюми иловагӣ низ бозиро ба сӯи силсилаи тӯбҳои 11-метрӣ мебурд, ки дар дақиқаи 113 Марио Гётсе бо як зарбаи хотирмон тӯбро вориди дарвозаи Аргентина кард. Лионел Месси, ки ин дафъа ҳам бозии чандон барҷастае надошт, дигар коре аз дасташ наомад ва унвони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро Олмон ба даст овард. Бояд зикр кард, ки дастаи Олмон нахустин дастаи аврупоист, ки дар қораи Амрико барандаи унвони қаҳрамони дунё мешавад. То кунун дар ҳама чемпионатҳои ҷаҳоние, ки дар Амрико мегузашт, дастаҳои ин қора ва дар ҳама чемпионатҳое ки дар Аврупо доир шудааст, аврупоиҳо баранда шудаанд. Берун аз ин ду қора ҳисоби онҳо мусовист, чунки соли 2002 дар Кореяву Ҷопон дастаи Бразил ва дар соли 2010 дар Африқои ҷанубӣ дастаи Испания ғолиб омаданд.Ёдовар мешавем , ки дастаҳои Аргентина ва Олмон барои бори саввум дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон бо ҳам рақобат мекунанд. Дастаи Аргентина дар соли 1986, ки ситораи футболи ҷаҳонӣ Диего Марадонаро бо худ дошт, бо ҳисоби 3:2 бари дастаи Олмон ғолиб омада буд. Хотиррасон менамоем, ки дар бозии финалии чаҳор соли баъд, ки дар Италияи доир шуд, дастаи олмониҳо интиқоми бохти худро гирифтанд ва ҷомро бо худ бурданд. Дастаи Олмон ҳамин тавр, дар ду Ҷоми ҷаҳонии охири — солҳои 2006 ва 2010 –дастаи Аргентинаро аллакай дар даври чорякниҳоӣ ноком кардааст. Аз ҷумла, дар соли 2010 дастаи Аргентина, ки мураббиаш Марадона ва ситорааш ҳамин Лионел Месси буд, аз Олмон бо ҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрда буд.
 
Ногуфта намонад, ки дастаи мунтахаби футболи Олмон ғолибияти худро дар Ҷоми ҷаҳон истиқбол доранд.

Июль 14, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!