Қаҳҳор Маҳкамов бо ифтихорнома сарфароз гардид
Душанбе, 18.07.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки узви якумраи Маҷлиси миллист бо ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ сарфароз гардонида шуд. Ифтихорномаро ба Қаҳҳор Маҳкамов дар фарҷоми иҷлосияи ҳаждаҳуми палатаи болоии Парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ дар маросими ботантана супорид. Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдулоев ба дигар аъзои Маҷлиси миллӣ -Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Заррина Раҷабова, Сатториён Матлубахон ва Абдулҳафиз Азизов ҷиҳати саҳми арзандаашон дар таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ -ро тақдим кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






