Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 21 июли соли 2014 №480ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи Директори генералииҶамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»озод намудани Ҳамроев Ф. Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҳамроев Фирӯз Халилович аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» озод карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 21 июли соли 2014 №481ш. ДушанбеДар бораи Холиқов Р.И.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва бо мақсади таъмини идораи самараноки фаъолияти иқтисодию молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:1. Ба ӯҳдаи Холиқов Рустам Исуфович директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» вогузор карда шавад.2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии вобаста ба азнавташкилдиҳию муттаҳидшавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






