Қатли 1 нафар корманди Ҳукумати ҷумҳурии Афғонистон

Июль 15, 2014 16:20

Душанбе, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боз як таркиши фоҷеабор ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 1-нафар корманди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳалокат расида, 2-тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, бистарии беморхона гардиданд. Гуфта мешавад, ки таҷҳизоти тарканда тариқи дастгоҳи фосилавӣ ба кор дароварда шудааст.
 
Ҳукми суди олии Ҳиндустон
 
Душанбе, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си Додгоҳи олии Ҳиндустон ҳукмро нисбат ба 2 нафар, ки бо ҷурми даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари 23-солаи донишҷӯ ба қатл маҳкум шуда буданд, бекор кард. Гуфта мешавад, ки бо далелҳои нав вобаста ба ин парвандаи ҷиноӣ айбдоршавандагон сафед карда шуданд.
 
Офати табии дар Русия
 
Душанбе, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии дирӯз дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия ҳаво якбора тағйир ёфта, тўфон ба амал омад.Тўфонро раъду барқ ва боришоти жола ҳамроҳӣ дошт.Тӯфон муддати 15 дақиқа идома дошта, боиси ба ҳалокат расидани 2 нафар гардид. Аз офати табиӣ бештар маҳаллаи Ник Дудник зарар дид.Ҳангоми сар задани тўфон соҳили дарё ва ҷойҳои истироҳатӣ-фароғатӣ низ осеб диданд.
 
Фурӯ рафтани нақб дар Чин
 
Душанбе, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си субҳи имрӯз дар минтақаи Юннани Ҷумҳурии Мардумии Чин нақби роҳи оҳан фурў рафт.Бар асари ҳодиса 14-нафар коргарони нақбканон зери нақб дармонданд.Мувофиқи иттилои расида, кормандони роҳи оҳан дар ин мавзеъ ба таъмири роҳ машғул буданд.Ҳукуматдорони кишвар бо мақсади аз зери нақб берун овардани коргарон тамоми чораҳои заруриро меадешанд.
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Июль 15, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд