Қонуншиканиҳо аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар
Душанбе, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки роҳбарияти ин ниҳод баргузор гардид, натиҷаи фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода иброз намуд, ки кормандони кумита ҳангоми санҷиш қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар ошкор кардаанд. Масалан бо ширкати мобилии Babilon, ки нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории кишварро риоя накардааст, баҳси додгоҳӣ доранд. Дар ширкатҳои Tcell ва Мegafon (МЛТ) низ камбудиҳо ошкор гардидаанд.Раиси Кумитаи андоз илова намуд, ки дар маҷмуъ феълан бо андозсупорандагон барои 800 миллион сомонӣ қарзи баҳснок вориди мурофиаи додгоҳӣ шудаанд, ки аз ин 519 миллион сомониаш ба шашмоҳаи аввали соли равон рост меояд. “Аз 14 ҳазор нуқтаи санҷидашуда 3 ҳазору 832 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардид. Инчунин дар рафти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ 385 ҳолати бе қайди мақомоти андоз аз тарафи шахсони воқеӣ ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул ва бе шартномаи байни корфармо ва коргар дар ҳисоботҳо дарҷ нагардидани 1 ҳазору 249 нафар коргари кироя, 624 ҳолати вайрон намудани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратии хазинавӣ ошкор карда шуд”,- гуфт Нусратулло Давлатзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






