Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафта каме паст шуд
Душанбе, 7.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давоми ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ ҷумҳурӣ андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,0190-5,0390 сомонӣ фаромад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, курби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, ба 0,1455-0,1465 сомонӣ барои як рубли русӣ, қурби амалиётҳо бо евро каме баланд шуда ба 6,8288-6,8690 сомонӣ барои як евро баробар шуд. 3 июл қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе ба 5,0105-5,0340 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,0100-5,0150 сомонӣ ва Қурғонтеппа ба 5,0100-5,0300 сомонӣ баробар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






