Ҳалокати 2 нафар дар садамаи нақлиётӣ дар Дарвоз
Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 30 июни соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Toyota Land Cruiser” Раҳимдод Ҷонмаҳмадов, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Хоруғ ба тарафи шаҳри Душанбе дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ, дар ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рост чаппа шудааст.Дар натиҷа мусофирон Сиҷоҳиддин Низомиддинов, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Хоруғ ва Аслибегим Саломатшоева, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Мусофирони дигар Азиза Мунаҷимшоева, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Хоруғ, Фарида Султонбердиева, соли таваллудаш 1993, сокинони ноҳияи Шуғнон, Ҷовид Кабутаршоев, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Роштқалъа ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






