Ҳалокати 27-нафар дар Ироқ
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз бар асари тирандозӣ аз миномёт дар ҷануби Бағдод 9 нафар ба ҳалокат расида чанд каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона гардидаанд. Масъулияти тирандозиро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар манотиқи асосан шианишини Бағдод дар муҳлати 2-ҳафта дасти кам 27 нафар ба ҳалокат расонидашудааст.
Садамаи чархболи Малайзия
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии www. Russian people .com ҳафтаи равон аз 298 қурбониёни суқути ҳавопаймои Малайзия 190 ҷасадро аз маҳалли суқут берун бароварданд.
Қатли 13-афсари Фаластини
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Шӯрои амнияти СММ аз афзоиши қурбониён дар борикаи Ғазаҳ изҳори нигаронӣ кард ва хостори оташбаси фаврӣ шуд. Аъзои Шӯрои амният қатъномаро дар ин бора дар ҷаласаи пушти дарҳои баста шоми якшанбе пазируфтанд. Бояд ёдовар шуд, ки рӯзи якшанбе дар ин амалиёт сад фаластинӣ, аз ҷумла, даҳҳо зану кӯдак ва 13 низомии исроилӣ кушта шуданд.
Ҳукми суди сарвазири Италия
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон додгоҳи апелятсионии шаҳри Милани Италия парвандаи ҷиноии«Рубигейт»-ро нисбат ба собиқ сарвазир Силвио Берлускони инкор кард. Гуфта мешавад, ки ӯро барои сӯйистифода аз мансаб ва муносибати маҳрамона доштан бо духтари ноболиғ, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.
Ҳамла ба суи президенти Афғонистон
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 18-ми июли соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳи силоҳбадастони номаълум ба корвони автомобилҳои президенти кишвар Ҳомид Карзай ҳамла намуданд. Бар асари ин ҳамла 4 тан аз муҳофизони президенти кишвар захмӣ шудаанд. Аммо неруҳои низомии Афғонистон дар пайи оташи ҷавобӣ ҳамлагаронро несту нобуд намуданд. Ҳуҷуми гурӯҳ дар Судон
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз як гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба шаҳри Насири Судони Ҷанубӣ, ки бо Эфиопия ҳамсарҳад аст, ҳуҷум намуданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки қароргоҳи ҳарбиро, ки қаблан дар ихтиёри Мачар қарор дошт ва баъдан неруҳои ҳукуматӣ онро ба даст оварданд, таҳти назорати худ қарор диҳанд. Вале ҳукуматдорон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва аз байн бурдани даргириҳо хоҳиши онанд, ки бори дигар сари мизи гуфтушунид нишаста, музокироти мусолиматомезро ба анҷом расонанд.
Тирпарронӣ дар Амрико
Душанбе, 21.07.2014 (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интетнетии Би-Би-Си рӯзҳои ахир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалҳои тирпарронӣ бештар ба назар мерасад. Дар давоми ҳафтаи охир дар атрофи ин шаҳр вобаста ба роҳ додани беэҳтиётӣ нисбат ба нигоҳ доштани силоҳи оташфишон 4 нафар ба ҳалокат расидааст. Бояд қайд кард, ки дар давоми моҳи сипаригардида, дар натиҷаи ҳодисаҳои тирпарронӣ дар шаҳри Чикаго ва дигар шаҳрҳои он зиёда аз 50 нафар ҳадафи оташ қарор гирифтанд, ки 17 нафари онҳо ҳалок гардида,33-нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта бистари беморхона гардидаанд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






