Ҳамдардии А.Қодирӣ ба оилаи варзишгарони ҳалокшуда
Душанбе, 01.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи садамаи нохуши нақлиётӣ, ки чанде қабл дар дараи Варзоб рух дод, 4 нафар варзишгарон, сокинони шаҳри Истаравшан, ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ ба наздикони фавтидагон ба шаҳри Истаравшан ташриф овард.Садамаи нохуши нақлиётӣ бегоҳии санаи 23-уми июн дар дараи Варзоб, баъди гузаргоҳи Майхура рух дода буд. Бояд гуфт, ки нақлиёти ба садама дучоршуда тамғаи «Opel Astra G» зери идораи мураббии мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Истаравшан Эҳромхон Исоеви 44- сола қарор дошт. Ҳодисаи мазкур ҳангоме ба вуҷуд омад, ки Эҳромхон Исоев бо ҳамроҳии 5 нафар аз шогирдонаш бо мақсади ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявии наврасони солҳои таваллудашон 1999-2002 аз шаҳри Истаравшан ба шаҳри Душанбе сафар мекард.Дар натиҷаи садамаи мазкур 4 нафар ба ҳалокат расида, тақдири як нафари дигар ҳанӯз номаълум аст. Танҳо як нафар, писари ронанда — Ҳусейн Исоеви 13 сола ҳангоми сарозер шудани мошин ҷон ба саломат бурдааст. Айни ҳол табибон вазъи Ҳусейн Исоевро хуб арзёбӣ менамоянд.Абдураҳмон Қодирӣ зимни ибрози тасаллият аз садамаи фоҷеабор изҳори таассуф намуда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон ва пайвандони эшон сабри ҷамил хост.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






