Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода). Имрӯз бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии содирот ва сармоягузории Қазоқистон «KAZNET INVEST» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Дар кори форум зиёда аз 20 ширкати бузурги қазоқӣ аз соҳаҳои мошинсозӣ, химиявӣ, техникаи электронӣ, сохтмонӣ, истеҳсоли қоғаз, дорусозӣ ва маҳсулоти хӯрока иштирок карда, ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. Дар идомаи ҳамоиш Созишнома миёни Ширкати саҳомии «Заводи трансформатии Кентау»-и Қазоқистон ва ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба таъмини трансформаторҳои қазоқӣ ба имзо расид. Тавре дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии он муҳокимаи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда ва барпо намудани алоқаҳои муфид мебошад. Дар назар аст, ки соли 2015 нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Қазоқистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






