“Ҳаёти наврасон бе маводи нашъаовар ширин аст!”
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар доираи чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ ва зарари паҳн намудани маводи нашъаовар дар лагери тобистонаи “Шабдез”, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа бо кӯдакон ва наврасон вохӯрии зиддимухаддиротиро зери шиори “Ҳаёт бе маводи нашъаовар ширин аст!” ташкил намуданд.Кормандони Агентӣ ба наврасон оид ба натиҷаҳои фоҷиаовари истеъмоли маводи нашъаовар ва зарари он ба организми наврасон нақл намуданд. Мақсади асосии чунин чорабиниҳо аз таблиғ намудани тарзи ҳаёти солим, яъне бе маводи нашъаовар, новобаста аз синну сол ва ҳолати рӯҳӣ иборат мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






