Ҳисоботи бардуруғӣ 427 роҳбар ба омор
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод). -Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби масъулони Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 427 роҳбарони корхонаву муасисаҳои кишвар бо мақсади додани ҳисоботи бардуруғ ё изофанависӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Ин нуқта маҳз аз ҷониби роҳбарияти ин ниҳод дар нишасти хабарӣ, ки имрӯз 24-уми июли соли равон баргузор гардид, қайд карда шуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ошкор намудани ин қонунвайронкунӣ дар ҳолате ба вукӯъ омад, ки аз ҷониби Агентӣ 7 гурӯҳ, шомил аз 10-15 нафарӣ барои гузаронидани санҷиш сафарбар гардиданд. Аз рӯи санҷиш муайян шуд, ки идораҳои роҳбарияташон ҷаримабандӣ кардашуда, ба худтаърифкунӣ, изофанависӣ ва ё ба надодани маълумоти оморӣ роҳ дода буданд. Маблағи ҷаримабандӣ карда шуда дар давраи ҳисоботӣ 115,5 ҳазор сомониро ташкил намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






