Ҳуқуқҳои наваскарон ҳимоя мешаванд!
Душанбе, 31.07.2014 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).– Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2014 дар қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариатҳои ҳарбии кишвар аввалин маротиба аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мониторинг гузаронида мешавад, гуфт Ҳусниддин Нидоев-муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии ин ниҳод. Ба иттилои манбаъ ин иқдом дар ҳамбастагӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, дар назар аст ҳар сол дар айёми даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шавад. Ҳадаф аз гузаронидани ин мониторингро Ҳусниддин Нидоев дар пурсиши хизматчиёни ҳарбӣ роҷеъ ба даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ном бурда,зикр намуд,ки тавассути ин мониторинг асосан ҳуқуқи наваскарон дар хизмати ҳарбӣ ҳифз карда мешавад. Номбурда гуфт ки феълан аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3 адад муроҷиатнома роҷеъ ба поймолшавии ҳуқуқи аскарон ба қайд гирифта шудааст,ки аз ин теъдод 1 адад тасдиқи худро ёфтааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






