Ҳукми сафедкунӣ — пешаи адолатпарвари судяҳо
Душанбе, 7.07.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Ба дастгоҳи Шӯрои адлия 1 ҳазору. 644 мавод аз мақомоти мухталиф ворид шудааст, ки аз ин 511- тоаш арзу шикоятҳои шаҳрвандон буда, нисбат ба ҳамин давраи пешин 43 адад кам мебошад», -зикр намуд Зафар Азиззода раиси Шӯрои адлияи ҶТ, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.З. Азиззода ҳамчунин изҳор намуд, ки аз ҷумлаи муроҷиатҳои баррасишудаи шаҳрвандон 151 адад ба ҳаракатҳои судяҳо, 86 адад сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 87 адад норозӣ будан бо санадҳои судӣ, 121 адад ба самтҳои дигари фаъолияти судҳо ва 12 адад оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ мансуб мебошанд.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар», роҳбари Шӯрои адлия гуфт, ки дар нимсолаи аввал аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 14 парвандаи сафедшуда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, аз адолатпарварии судяҳои кишвар дарак медиҳад.«Оид ба модаи зӯроварӣ дар оила 10 парванда ба қайд гирифта шуда, гунаҳкорон мутобиқи ҳолати ҷиноят ҷазоҳои гуногун гирифтанд», — шарҳ дод З. Азиззода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






