Ҳунармандони тоҷик ба Қиргизистон сафар мекунанд
Душанбе, 19.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳашт ҳунарманди тоҷик барои иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат», таҳти маблағгузории муштарак ва амалиёт аз тарафи ташкилоти Cesvi, ба Бишкек сафар мекунанд.Косибон, аъзоёни Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) аз Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ гирд омада, ҳунармандони соҳаи кулолӣ, чўбтарошӣ, истеҳсоли намад ва маҳсулоти ҷавоҳирӣ мебошанд. Онҳо дар семинари амалии ҳафтрӯза имкони мубодилаи таҷриба доранд, ва семинар аз тарафи дизайнери итолиёвӣ роҳбаладӣ мегардад. Ҳунармандони тоҷик ҳамроҳи чор ҳамкасбони қирғизи худ дар устохонаҳои онҳо вохӯрда, таҳти назорати мутахассиси аврупоӣ якҷоя маҳсулоти наверо истеҳсол менамоянд, ки беҳтарин тарзу усули косибии миллии тоҷику қирғизро инъикос намуда, ва аз нигоҳи дизайни муосири аврупоӣ инкишоф дода шудааст.Семинар аз 21 то 27 июл давом дошта, рӯзи 24 июл ҳунармандони тоҷик имконият доранд, ки дар конфронси байналхалқии «Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун рукни асосии пешбарии ҳунармандии Осиёи Марказӣ дар бозорҳои фурўшии байналхалқӣ» иштирок варзанд. Конфронс ҳунармандон, мансабдорони давлатӣ, мутахассисони осиёгӣ ва аврупоиро барои муайян намудани стратегияи беҳтар намудани дастрасии ҳунармандони Осиёи Марказӣ ба бозори хориҷӣ ба ҳам оварда, расман IX-умин фестивали байналхалқии «ОЙМО»-ро мекушояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






