Ҷаласаи Ҳайати мушовараи ВКХ
Душанбе, 15.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҷаласаи ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Ҳайати Мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов 14 июл барпо гардид.Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мазкурро ифтитоҳ намуда, ба рӯзномаи Ҳайати Мушовара ду масъала – фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 ва фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа оид ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварро пешниҳод намуд.Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ оид ба масъалаи якум – фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 суханронӣ намуд.Роҷеъ ба масъалаи дуюм – фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа оид ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар Сардори Шуъбаи ҳамкории иқтисодии хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабов баромад намуда, маълумоти муфассал доир ба мавзӯъ манзур кард.Вазири корҳои хориҷӣ С.Аслов фаъолияти сохторҳои Вазоратро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, зарурати омодагии шоистаро ба чорабиниҳое, ки зимни раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудаанд, таъкид намуд ва ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.Дар ҷамъбасти кори Ҳайати Мушовара қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






