Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой
Душанбе, 04.07.2014.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-Бо мақсади рушди муносибатҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 3 июл дар Душанбе чаласаи шашуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати ҶХХ-ро раиси гуфтушунидҳои байналмилалии тиҷоратӣ (ба симмати вазир) Чжун Шан роҳбарӣ намуданд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ, пешрафти сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчунин таъсис додани корхонаҳои муштарак ва намояндагии онҳо дар ҳудуди ҳарду кишварро баррасӣ намуданд. Мавзӯи дигари гуфтушунид омӯзиш ва табодули таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои туризм, саноати сабук, корҳои бонкдорӣ ва суғурта буд. Дар интиҳои ҷаласа Протоколи байниҳукуматӣ ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






