Ҷаласаи навбатии Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ
Душанбе, 10.07.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 доир гардид.Дар ҷаласа гузориши раиси Комиссия Кабирҷон Ҷӯраев ва котиби Комиссия Қиёмиддин Миралиев вобаста ба татбиқи барнома дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ, дархостҳои воридгардида дар доираи барнома ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои барнома мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ҷаласаи мазкур тибқи тартиб дар давоми семоҳаи дуввум вобаста ба самтҳои афзалият, 92 лоиҳа дастгирӣ ёфтаву дар натиҷаи амалисозии лоиҳаҳо доираи зиёди ҷавонон бо иттилоот, дониш малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки зимни муҳокимаи дархостҳои воридгардида, бо назардошти муҳимияту мубрамӣ ва ҷавобгўиӣ ба талабот дархостҳо аз ҷониби аъзои комиссия барои дастгирӣ мақбул дониста шуданд. Иштирокдорон ба мувофиқа омаданд, ки дар самти татбиқи ҳадафманди нақшаи чорабиниҳои барнома пайваста талош намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






