Ҷаласаи сайёри амалиёти “Кӯкнор-2014” дар ВМКБ
Душанбе, 21.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ҷаласаи сайёри Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, ки таҳти роҳбарии сардори Ситоди ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2014” муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Ҳ. Маҳмудов шуда гузашт, сардорони ситодҳоии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ВМКБ иштирок намуданд.Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят оид ба ташкил намудани иҷроиши қарори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014” нисбат ба гузаронидани марҳилаи дуюми ин амалиёт, камбудиҳои ҷойдошта дар рафти кор ва роҳҳои ислоҳи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Зикр гардид, ки дар чорчӯбаи амалиёт дар вилоят 2 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуда, 6 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






