Ҷаласаи Шӯрои ВКХ-и давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе

Июль 29, 2014 16:59

Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).-Рӯзҳои 30-31 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Дар доираи ҷаласаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ вохӯрӣ менамояд. Баъди мулоқотҳо аксгирии муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ сурат мегирад. Аз рӯи натиҷаи Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ Изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир мегардад.Мавриди зикр аст, ки таҳкурсии асосиро дар таъсисёбии СҲШ пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишнома байни Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳким намудани чораҳои эътимоднокӣ дар соҳаи низомӣ дар назди сарҳадот аз 26 апрели соли 1996 ва оид ба коҳиш додани шумораи қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои сарҳадӣ аз 24 апрели соли 1997 таъсис ёфта буд, гузошта буд. Барои СҲШ ба ҳайси авлавиятҳо таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, дигар намудҳои ҷинояткорӣ, мусоидат ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва ҳамкории башарӣ муайян шудааст. Дар тӯли мавҷудияти худ СҲШ ба омили муҳими равобити байналмилалӣ ва созмони байналмилалии босуръат рушдёбанда табдил гашта, худро ба ҳайси яке аз василаҳои самаранок, ояндадор, муҳим ва зарурии ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки ба таҳкими фазои эътимоднокӣ ва пешгӯишаванда, ҳамҷавории нек, дарёфти роҳҳои созандаи ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат менамояд, муаррифӣ намудааст.Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои муассиси СҲШ мебошад ва ба рушди ҳамкориҳо дар ҳошияи ин иттиҳодия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Шомил шудани Тоҷикистон ба СҲШ имкониятҳои навро дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ-башарӣ фароҳам овард.Мақоми олии СҲШ Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз сентябри соли 2013 то сентябри соли 2014, яъне то ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати раёсаткунанда дар СҲШ мебошад, ки соли раёсати худро дар ин Созмони босуръат рушдёбанда таҳти шиори «Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ, Ҳамшукуфоӣ» татбиқ менамояд.Мақсади асосӣ ва калидии худро Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раёсаткунанда дар Созмон пеш аз ҳама дар пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳошияи СҲШ муайян кардааст. Мо боварӣ дорем, ки бо дастгирии давлатҳои аъзо мо метавонем ҳадафҳои дар назди худ гузоштаро бо муваффақият анҷом диҳем.Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозони давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масоили гуногуни фаъолияти Созмон, ҷаласаи 24-уми Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ, вохӯрии 9-уми котибони амнияти давлатҳои аъзои СҲШ, Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши СҲШ дар таъмини амнияти минтақавӣ: мушкилот ва дурнамо», Машварати вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои СҲШ, Машварати роҳбарони мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки ваколати мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухадирро доранд, ҷаласаи роҳбарони хадамоти марзии давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи Ҳамоиши ҷавонони СҲШ баргузор гаштанд. Бо назардошти вазъияти бавуҷудомада дар минтақа, ташаккулёбии низоми самаранок ва эътимодбахши амнияти минтақавӣ барои Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои мубрам табдил гаштааст. Дар ин робита, рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳошияи СҲШ дар тамоми самтҳо ҷавобгӯи манфиатҳои давлати мо ва минтақа мебошад.

Июль 29, 2014 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд