Ҷалби 200 нафар мактаббачагони ВМКБ ба лагерҳои Варзобу Шаҳринав
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади болидахотирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар айёми таътили тобистона барои беш аз 200 нафар мактаббачагони ВМКБ лагерҳои таълимию фароғатӣ ташкил кардааст. Тавре дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, мактаббачагони ВМКБ ба ноҳияҳои Варзоб ва Шаҳринав оварда шуда, дар лагерҳои фароғатии “Чайка”, “Обшорон”, “Орбита” ва “Қаратоғ” ба фароғат ҷалб карда шудаанд.Гуфта мешавад, ки дар доираи лагерҳои тобистона чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, фароғативу фарҳангӣ бо иштироки истироҳаткунандагон ташкил гардида, мактаббачагон барои якдигар ҳунари худро нишон дода метавонанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар чорабиниҳои истироҳаткунандагон роҳбарияти Кумита бевосита дар лагерҳои истироҳатӣ иштирок менамоянд. Ёдрас мешавем, ки чунин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамасола барои мактаббачагони шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






