Ҷалби хонандагон ба лагери «Бешаи сабз»
Кӯлоб, 11.07.2014 (АМИТ “Ховар” Сулаймон Хол).-Соли дуюм аст,ки лагери истироҳати “Бешаи сабз”, вокеъ дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод,ки ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи А. Рӯдакӣ мансуб аст, толибилмонро дар давраи таътили тобистона ба фароағат фаро мегирад. Дар даври аввали истироҳатӣ дар истироҳатгоҳи “Бешаи сабз” беш аз 50 нафар фарзандони кормандони донишгоҳ таътили худро хушу хотирмон гузаронида истодаанд.Бояд гуфт,ки баҳри истироҳати хушу бофарогати мактаббачагон ҳамаи имкониятҳо фарохам оварда шудааст, аз ҷумла бунгохи тиббӣ, ошхона, ҳучраи оббозӣ , майдончаи варзишӣ, мизи теннис, синфхонаи компютерӣ ва ғайраро дар хидмати мактаббачагон буда, мураббияҳхо ва устодони варзишу мусиӄӣ машғулияту фароғати арзандаро рохандози менамоянд. Дар маросими расман ифтитоҳ гардидани басти аввали истироҳати мактаббачагон дар лагери истироҳатии “Бешаи сабз” раҳбарияти ноҳияи Муъминобод, Раёсати иттифоӄҳои касабаи вилояти Хатлон, минтакаи Кӯлоб ва кормандони донишгоҳ, инчунин волидайни истироҳаткунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






