Ҷалби занони маъюб ба курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ
Душанбе, 23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла зудбоварии занону духтарон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, масъалаҳои ҳунаромӯзии занону духтарон, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, фарогирии духтарон ба таҳсил баъди хатми синфи 9, пешгирии бемориҳои нашъамандӣ, ВМНО, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ба ҷиноят даст задани занону духтарон гурӯҳи доимамалкунандаи назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо занону бонувони шаҳру навоҳии гуногуни вилоят силсиламулоқотҳоро доир мекунанд.Дар маҳаллаҳои шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни занони хонашин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.Аъзоёни ин гурӯҳҳо ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, аз ҳолу аҳволи мардум дидан менамоянд, муаммо ва мушкилоти онҳоро якҷоя бо мақомотҳои дахлдор ҳал менамоянд ва ҳамчунин шумораи занони имконияташон маҳдуд, ки қобилияти ҳунаромӯзӣ доранд, дар сатҳи маҳаллаҳо муайян намуда, онҳоро ба курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ ҷалб менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






