Ҷамъбасти нимсола дар Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар шашмоҳаи аввали соли 2014 аз ҷониби устодони кафедраву факултаҳои донишгоҳ 2 монография, 10 китоби дарсӣ, 37 дастурҳои илмӣ-методӣ ва 565 мақола ва фишурдаи илмӣ ба нашр расониданд,-гуфт зимни нишасти мабуотӣ муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бобоҷон Самиев. Тавре ки Бобоҷон Самиев иттилоъ дод, то 30-уми июни соли 2014 дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 4 ҳазору 952 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 5 ҳазору 246 нафар донишҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар назди 13 факулта 44 кафедраи тахассусӣ ва дар назди донишгоҳ 8 кафедраи ҷомеашиносӣ ва умумидонишгоҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолият намуданд. Бо қарори Шӯрои олимон кафедраҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ муттаҳид карда шуданд.Дар нимсолаи аввали соли 2014 ду нафар рисолаи докторӣ ва 4 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Дар Шӯрои ҳимояи педагогика 18 нафар рисолаҳои худро ҳимоя карданд.Тавре ки дар нишаст гуфта шуд, айни ҳол беш аз 40 нафар аспиранту унвонҷӯ дар навбати дифои рисолаҳои номзадӣ ва 8 нафар дар навбати ҳимояи рисолаи докторӣ қарор доранд. Бобоҷон Самиев қайд намуд, ки аз моҳи январ то имрӯз аз як ҳазору 497 нафар мутахассиси ҷавоне, ки тибқи буҷаи давлатӣ донишгоҳро хатм намуданд ва ҳамчун мутахассиси ҷавон ба кор фиристода шуданд, ҳамагӣ 8 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






