Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Хоруғ
Душанбе, 26.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар шаҳри Хоруғи ВМКБ сохтмони 23 иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Бинокорон ният доранд, ки 15-тои онро то ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ ба истифода диҳанд. Дар давоми ду даҳсолаи охир бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар вилоят даҳҳо иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ якчанд иншооти дигар, аз ҷумла бинои таваллудхонаи вилоятӣ, қасри варзишӣ, хонаҳои истиқоматии баландошёна, бинои дуюми хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва марказҳои савдо ба истифода дода шаванд. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати кишвар 94,1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Айни замон дар шаҳри Хоруғ 17 ташкилоти сохтмонӣ бо ҷалби зиёда аз 350 нафар коргар фаъолият дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






