Ҷаримаи 87 нафар оид ба худсарона буридани дарахтон
Фархор, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Масъулини муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор дар 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати 87 нафар оид ба худсарона буридани дарахтон, шикори ҳайвонот ва дигар равандҳои рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба хоҷагии ҷангал санад тартиб дода, маблағи 23870 сомонӣ ҷаримабандӣ намуд. Ба гуфти директори муассисаи мазкур Муъмин Ятимов хоҷагӣ дорои 27201 гектар замин буда аз ин шумора 5604 гектараш ҷангалпӯш мебошанд, ки дар он дарахтони писта, бодоми тафдона, санҷид ва дигар дарахтони сояафкану мевадиҳанда парвариш меёбанд. Инчунин гиёҳҳои шифобахш аз қабили испанд , бодоми талхак парвариш ёфта дар ин муддат 1,5 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст. Манбаъ афзуд, аз ҷониби муассиса ҳамасола ба муассисаҳои таълимӣ , беморхона, хонаи бачагон ба миқдори муайян ҳезум таъмин карда мешавад. Гуфта мешавад, ки бо мақсади афзоиш додани ҳосили фаровон дар муассиса 11 ҳ 800 бех ниҳолҳои ороиши ва мевадиҳанда парвариш ёфта, шумораи онҳо дар оянда низ афзоиш дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






