Ҷарроҳии толибилмон дар Донгсани Кореяи Ҷанубӣ

Июль 8, 2014 10:14

Душанбе, 08.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-9 нафар толибилмони мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбин, ки дар ноҳияи Ҳисор воқеъаст, дар беморхонаи марказии Донгсани шаҳри Тегуи Кореяи Ҷанубӣ бомуваффақона аз ҷониби табибони ин марказ ҷарроҳӣ гардиданд. Ҷарроҳии хонандагони мактаб-интернати мазкур бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин вазорату идораҳои марбутаи кишвар сурат гирифтааст.

Июль 8, 2014 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш