Ҷинояткорӣ дар Чин
Душанбе,30.07.2014 (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ)- Шаби гухзашта дар ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин бар асари ҳамлаи ҷинояткорони номаълум даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудааст. Ба иқрори кормандони мақомоти қудратии кишвар шумораи ҳалокшудагон 13-нафарро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар шаҳри сарҳадии Ёркант сар задааст.
Ғарқи киштӣ дар Инданезия
Душанбе,30.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар рўди Капуаси музофоти марказии Калимантани Индонезия киштии мусофирбар ғарқ шуда, дар вақти ҳодиса 12 нафар ба ҳалокат расидааст. Кормандони наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи кишвар 42 нафари дигарро наҷот додаанд. Гуфта мешавад, ки дар дохили киштӣ ҷамъулҷамъ 60 нафар қарор доштааст. Ба иқрори мутахассисон дар киштии мазкур чун ҳамеша муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доштаанд.
Заминҷунбӣ дар Ҳинд
Душанбе,30.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар минтақаҳои назди соҳилии Андаманск ва Никобарск воқеъ дар қисми шарқии халиҷи Банғолаи Уқёнуси Ҳинд заминҷунбии сахт ба вуқўъ омад. Мувофиқи маълумоти маркази зилзилашиносии Ҳиндустон қувваи ҷунбиши қишри замин ба 5,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд. То ҳол дар бораи талафоти ҷонӣ, оқибатҳои харобиовари заминҷунбӣ ва ҳаҷми хисороти он ягон маълумоти муфассал дода нашудааст.
Ҳолати фавқулодда дар Калифорния
Душанбе,30.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дар наздикии яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии штати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қубурҳои обгузар хароб гардида, об аз лулаҳои шикаста ба минтақаҳои аҳолинишин ва майдони донишгоҳ маҷро гирифт. Гуфта мешавад, ки роҳҳои нақлиётгард, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва дигар иншоот бар асари ҳодиса қисман хароб шуд. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар маҳалли ҳодиса фаъолият мебаранд.
Тахрибкорӣ дар Нигерия
Душанбе,30.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон дар қисми шимолии Нигерия силоҳбадастони гурўҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» даст ба тахрибкории навбатӣ заданд. Гуфта мешавад, ки гурўҳи ифротгарои мазкур дар соли 2002-юм дар шимоли Нигерия таъсис ёфта, бо мақсади барпо намудани давлати исломӣ даст ба амалҳои зишт мезананд.
Задухурд дар Либия
Душанбе,30.07.2014 (АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар шаҳри Бенғозии қисми шарқии Либия миёни як гурўҳ силоҳбадастони номаълум ва неруҳои низомии давлатӣ задухўрди мусаллаҳона ба миён омад. Дар ҷои ҳодиса 30 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захми гуногун бардоштанд. Гуфта мешавад, ки дар байни қурбониён сарбозони неруҳои низомии кишвар низ ҳастанд.








Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






