Ҷоми ҷаҳон: ғолибияти Олмону Бразилия бар Фаронсаву Колумбия
Душанбе , 5.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) -Дастаи футболи Олмон аввалин шуда дар чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014, ки рӯзи 4-уми июл баргузор шуд ғолибиятро ба даст овард. Бояд зикр кард,ки голи ягонаро дар бозии Олмону Фаронса Матс Ҳуммелс, футболбози дастаи Олмон дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонид. Ин бозӣ бо ҳисоби 1-0 анҷом ёфт, ки умеди фаронсавиҳоро барои соҳиб шудани Ҷоми ҷаҳон-2014 ба ноумедӣ табдил кард.Ногуфта намонад, ки 4-июл дастаи Бразилия бо Колумбия бо ҳам рақобат карданд ва тавре, ки қаблан пешгӯӣ мешуд соҳибони майдон ғолибиятро ба даст оварданд. Бозии Бразилияву Колумбия пуршавқу шӯр ҷараён дошт ва бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Дастаи Бразилия аз чоҳи чорякфиналӣ ҳам раҳо шуд ва ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.Хотирасон менамоем, ки ду бозии дигари давраи чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон боқӣ монд, ки имрӯз баргузор мешавад.Дастаҳои Аргентина бо Белгия ва Ҳолланд бо Коста-Рико рақобат мекунанд. Ёдовар мешавем,ки Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор мешаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






