Ҷон Керри ба Кобул меояд
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Русия дар Афғонистон як қатор лоиҳаҳои бузургро амалӣ карданист. Андрей Аветисян сафири Русия дар Афғонистон дар як мусоҳиба дар ин робита изҳор намудааст, ки яке аз лоиҳаҳо мавриди истифода қарор додани Комбинати хонасозии Кобул аст, ки аллакай аввали соли равон ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон шурӯъ намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷиддии камбуди манзил дар ин кишвар мусоидат мекунад.******************* — 2 рӯз боз обхезии шадид як қатор минтақаҳои қисми ҷанубу ғарбии Чинро фаро гирифтааст. 8 нафар њалок гардида 25 тани дигар дар рӯйхати бедаракгаштагон қарор доранд. Ба иттилои мутахассисони марказҳои обу ҳавошиносӣ тайи як шабонарӯз 400 миллиметр борон боридааст. Дар пайи ин офати табиӣ ҳамчунин садҳо манзили зист зери об мондаанд. ******************** — Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши талафоти шањрвандони осоишта дар Афғонистон натиҷагирӣ кардаст. Тибқи ин гузориш аз аввали сол то охири моҳи июн дар Афғонистон 1564 сокини осоишта кушта шуда, 3289 тан ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ин шумора дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1342 қурбонӣ ва 2577 захмӣ бештар мебошад. ********************- Тими футболи Аргентина, ки бар тими Ҳолланд аз рӯи натиљаи зарбањои 11 метра бо ҳисоби 4-2 ғолиб шуд, ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 роҳ ёфт. Футболбозони Аргентина якшанбе дар бозии ниҳоӣ бо мунтахаби Олмон рақобат хоњанд кард. Рӯзи шанбе Ҳолланд барои ҷойи сеюм бо Бразил мубориза мебаранд. **************************- Барак Обама, Президенти Амрико дар сӯҳбати телефонӣ бо номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон гуфт, Амрико интизори инро дорад, ки гумонҳои тақаллубкорї ҷидди назорат бурда шаванд. Дар сӯҳбат бо Абдуллоҳ, Барак Обама президенти Амрико аз ӯ хост, то замоне ки пажӯҳиш идома дорад, худро пирӯз эълон накунад. 11-уми июл Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико, ба Кобул сафар мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






