Ҷорӣ намудани бонкдории мобилӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ намудҳои хизматрасонии бонкдории мобилӣ ё ба истилоҳ “мобайлбанкинг” ҷорӣ карда шуда истодааст. Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз телефонҳои мобилӣ метавонанд, аз хона набаромада, амалиёти бонкӣ анҷом диҳанд. Ташкилотҳои қарзии ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶДММ ТАҚХ “Авфар”, ҶСП ТАҚХ “Самар” ва ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” аввалин ташкилотҳое мебошанд, ки хизматрасонии бонкдории мобилиро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Бо ҷорӣ намудани бонкдории мобилӣ Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки дар он бонкдории мобилӣ ҷорӣ карда мешавад. Қаблан натиҷаҳои таҳқиқоте, ки дар Тоҷикистон гузаронида шудааст, нишон додаанд, ки алоқаи мобилӣ дар кишвар густариш ёфта, аксари аҳолии Тоҷикистон аз он истифода мебаранд. Ин яке аз омилҳои асосӣ барои тавсеаи муваффақонаи бонкдории мобилии мувофиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ дар кишвар аст. Хизматрасониии бонкдории мобилӣ ба муштариён имконияти иҷро намудани амалҳо аз қабили интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, пардохти хариди мол ва хизматрасониҳо, пардохт аз рӯи ҳисобномаҳо, интиқоли маблағ ба гирандае, ки суратҳисоб надорад, пардохти қарз ва дастрас намудани маълумот оид ба бақияи суратҳисоб, қурби асъор ва ғайраро ниҳоят осон мекунад. Барои зиёд гардидани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ татбиқи воситаҳои муосири пардохтии электронӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, низомҳои пардохтии мобилӣ (бонкдории мобилӣ) лозим мебошанд. Низомҳои пардохтии мобилӣ ба аҳолии кишвар новобаста аз маҳали ҷойгиршавӣ ва вақт анҷом додани пардохтҳоро бо истифодаи телефонҳои мобилӣ имконият медиҳанд, ки ин омилҳо оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохтиро дар байни аҳолӣ зиёд намуда, барои устувории низоми пардохти миллӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






