129 ҳуҷҷат барои таъсиси иттиҳодияи динӣ ворид гардид
Душанбе, 8.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ташкил гардид, иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон дар кишвар 20 масҷид ва як ташкилоти динии шиаи исмоилӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи масъулони кумита, аз ин шумора як масҷиди ҷомеи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ ва 15 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон ҳоло дар умум 4092 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мекунанд. Аз ин шумора як маркази исломӣ, 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 3591 масҷиди панҷвақта, 6 мадрасаи мутавассита, 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона ва 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ фаъолият мекардаанд. Тибқи қонун ҳар иттиҳодияи динӣ, ки масҷид ҳам шомили он аст, барои ба роҳ мондани фаъолияти худ бояд иҷозаи кумитаи динро гирад. Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумита 98 адад ҳуҷҷат барои таъсиси иттиҳодияҳои динӣ ва дар маҷмӯъ 129 адад ҳуҷҷат барои таъсиси иттиҳодияҳои динӣ ворид гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






