148 донишчӯи ДДХ соҳиби дипломи аъло гаштанд
Душанбе, 17.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба 148 нафар хатмкунандагони магистратура ва бакалавр дипломҳои аъло супорида шуд.Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим Абдулфаттоҳ Раҳимов, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров яке аз бузургтарин муассисаҳои таълимии олии мамлакат буда, саҳми он дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос назаррас ва намоён аст. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ 17 факулта ва 76 кафедра, аз ҷумла факултаи таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ — тадқиқотӣ, парки технологӣ, китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 83 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз он 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ба роҳ монда шудааст. Соли равон донишгоҳро 2 ҳазору 479 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки 103 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло гардидаанд. Инчунин дар чорабинӣ барои тарбияи самаровар ба волидайни донишҷӯёни аълохон сипосномаҳои Раёсати донишгоҳ тақдим гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






