2 медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи Балкан
Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 8-умин Олимпиадаи наврасони Балкан аз фанни информатика чанде қабл дар шаҳри Белгради Сербия баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз 8 давлати дунё 38 нафар хонанда иштирок намуда, хонандагони литсей‑интернати муштараки тоҷикӣ‑туркии «Ҳоҷӣ Камол» сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Гуфта мешавад, ки олимпиадаи наврасони Балкан аз фанни информатика аз 2 даври корҳои амалӣ иборат буда, дар он панҷ нафар хонандаи тоҷик иштирок карда, Солеҳҷон Рӯзибоев ва Нодир Даминов бо гирифтани медали нуқра ба ватан баргаштанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати мориф ва илми кишвар хабар доданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






