2 медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи Балкан

Июль 2, 2014 11:49

Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 8-умин Олимпиадаи наврасони Балкан аз фанни информатика чанде қабл дар шаҳри Белгради Сербия баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз 8 давлати дунё 38 нафар хонанда иштирок намуда, хонандагони литсей‑интернати муштараки тоҷикӣ‑туркии «Ҳоҷӣ Камол» сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Гуфта мешавад, ки олимпиадаи наврасони Балкан аз фанни информатика аз 2 даври корҳои амалӣ иборат буда, дар он панҷ нафар хонандаи тоҷик иштирок карда, Солеҳҷон Рӯзибоев ва Нодир Даминов бо гирифтани медали нуқра ба ватан баргаштанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати мориф ва илми кишвар хабар доданд.

Июль 2, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд