2 нафар Тоҷикистонӣ қурбони садамаи метрои Маскав

Июль 16, 2014 14:28

Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки дар садамаи метрои Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон курбон шуд. Сардори маркази матбуоти сафорат Муҳаммади Эгамзод гуфт, ки намояндагони сафорат мушаххас карданд, ки аз Тоҷикистон ду нафар Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович, санаи таваллудаш 21 декабри соли 1989 ва Мавлонов Бахтиёр Қурбонович, санаи таваллудаш 17 октябри соли 1989 қурбонии ин фоҷиа гаштанд. Айни ҳол дар беморхонаҳои шаҳри Маскав боз 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Вазъи се нафар Мӯъминшо Муносибшоеви 59 сола, Насимхон Мавлонови 19 сола ва Далер Қурбонови 36 сола вазнин арзёбӣ шудааст.Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират вазъи Зафарбек Сайфуллоев, ки дар ин садама аз китфаш ҷароҳат бардоштааст, беҳтар ба назар мерасад. Ёдовар мешавем, ки субҳи 15 июл як қатори метрои Маскав дар роҳи байни истгоҳҳои «Славянский булвар» ва «Парк Победи» аз релс берун шуд. Дар натиҷаи ин садама 22 нафар ҳалок ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар ин садама ягон далели амали террористӣ мушоҳида намешавад. Имрӯз 16 июл дар пойтахти Русия ба ёди қурбониёни ин фалокат Рӯзи мотам эълон шудааст.

Июль 16, 2014 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!