24 нафар магистрҳои ДДОТ аз хориҷи кишваранд

Июль 9, 2014 15:34

Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Бобоҷон Самиев оид ба фаъолияти шашмоҳаи донишгоҳ гузориш дод. Б.Самиев қайд намуд, ки дар магистратураи донишгоҳ дар шаш моҳи охир дар курсҳои аввал ва дуввуми он 302 нафар таҳсил карда, аз ин шумора 179 нафар дар курси якум ва 123 нафар дар курси дуввум мебошад. Аз ин теъдоди магистрҳо 24 нафарашон шаҳрванди хориҷӣ мебошанд.Дар самти корҳои таълимӣ кафедраҳои тахассусӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ машғулиятҳои иловагиро ба роҳ монда, барои баланд бардоштани савияи дониши хаттии онҳо моҳе як маротиба гирифтани диктанти санҷиширо ба роҳ монданд.Дар давраи ҳисоботӣ се маротиба бо донишҷӯёни хориҷӣ ҷаласа доир шуда, дар он вазъи аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, сари вақт ба шуъба супоридани шиноснома барои гирифтани раводиди 1-сола, ба қайдгирӣ, ҷои зисти муваққатӣ ва муносибати омӯзгорон ба донишҷӯёни хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд,- иброз намуд Бобоҷон Самев.

Июль 9, 2014 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд