27,9% ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Швейтсария
Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бо 85 кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷоратӣ доштааст». Ин матлабро 16 июл дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ Неъмат Раҳматов -муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Намояндаи масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, ки гардиши тиҷорати хориҷии кишварамон дар шаш моҳи соли равон 2,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 351, 2 миллион доллар зиёд гардида, 113%-ро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 2 миллиарду 371 миллион доллар ба воридот ва 518,2 миллион доллар ба содирот рост меояд. Назар ба омори пешниҳоднамудаи намояндаи масъули мақомти гумруки кишвар дар ин давра мутаносибан воридот 446,9 миллион доллар ё 23,2 % зиёд гардида, содирот 95,7 миллион доллар ё 14,6% коҳиш ёфтааст. Зикр шуд, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, наздик ба 30% ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон ба ин кишвар кишвар рост меояд. Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти воридотии кишварҳои дигари хориҷӣ, назири Қазоқистон 13%, Чин 14 %, Туркия 7 % ва Швейтсария 4 % -ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба кишварҳои Туркия, 19,2%, Қазоқистон 17,2 %, Русия 9,7 %, Эрон 10,6% Чин, 3,9 % ва Швейтсария 27,9 %-ро ташкил медиҳад. Таъкид шуд, ки дар ин давра таркиби молии воридот ва содирот чандон тағйир наёфтааст. Ҳамон молҳое, ки маъмулан иқтидори содиротии кишварро ташкил медиҳанд ба хориҷи кишвар содирот гардида ва молу маҳсулоте, ки аҳолии кишвари мо ба онҳо ниёзи бештар доранд, ворид карда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






