3,5 миллиард сомонӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ
Душанбе, 26.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 3,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ин зиёда аз 63 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин карда шудааст. Ҷамолиддин Нуралиев қайд намуд, ки дар давраи сипаригардида барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11,3 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбинишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19,7 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби дигар захираҳои буҷетӣ 88,1 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 119,1 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






