360 хонанда ба лагер фаро гирифта шудаанд
Кӯлоб, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби шуъбаи маориф 360 хонанда ба лагери истироҳатию фароғатии деҳаи Чубеки ноҳияи Муъминобод ба истироҳати тобистона ҷалб гардид, ки айни ҳол хонандагон бо тамоми шароитҳои лозима таъмин мебошанд. Ба қавли сармуҳосиби шуъбаи маориф Абутолиб Юлдошев лагери мазкур шабонарӯзӣ буда, дар се баст фаъолият дошта, давоми 45 рӯз идома меёбад. Дар лагер китобхона, синфи компютерӣ, майдончаи спортӣ, ҳавзи оббозӣ мавҷуд мебошад, ки хонандагон метавонанд мувофиқи реҷаи муайян аз китобҳои бадеӣ ва компютер истифода намоянд. Мавриди зикр аст, ки лагери истироҳатию фароғатӣ дар деҳаи Чубек ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ш.Кӯлоб роҳандозӣ мегардад, ки дар он беш аз 400 хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






